Раиси Кумитаи кор бо занон: Ташхиси пеш аз никоҳ ҷудошавии оилаҳоро коҳиш медиҳад
Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ташхиси қабл аз никоҳи духтарон метавонад ба коҳиши ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон мусоидат кунад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 26 январ дар нишасти хабарии созмонёфтае дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Қаблан, аз пешниҳоди таҳияи як қонуни вижа барои ташхиси қабл аз издивоҷи вазъи саломатии домоду арусон аз сӯи гуруҳе аз коршиносони экспертизаи додгоҳӣ хабар дода шуд. Ин коршиносон гуфтаанд, дар баробари санҷиши вазъи саломатӣ, инчунин бокира будан ё набудани арусон ҳам санҷида шавад. Ба қавли онҳо ин кор метавонад суръати фуруфошии оилаҳоро коҳиш бидиҳад. Дар зимн, аз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ҳам суол шуд, ки оё ин иқдом сабаби кам шудани ҷудошавии оилаҳо мегардад? Хонуми Хидирзода ҷавоб дод, чунин ташхис метавонад шумораи талоқҳоро кам кунад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2014, 9 ҳазору 132 ҳолати бекоршавии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 938 холат зиёд мебошад.