(ВИДЕО) "Қувватов бо зурӣ тиҷоратҳоро аз худ ва ҳамкоронро пеш мекард"
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мегӯяд, Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ инчунин дар гаравгонгириҳо низ даст дорад. Раиси Оҷонсӣ имрӯз, 26-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Қувватов тариқи зӯроварӣ тиҷоратҳоро аз худ карда, собиқ ҳамкоронашро аз дар берун менамудааст.
Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “дар вақти содир намудани ҷиноят Қувватов, яке аз моликони ширкати “Фароз” арзёбӣ мешуд ва оё дар парвандаҳояш номи масъули дигар ё шарикаш низ зикр шудааст?” Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт, дар ҳақиқат ҷабрдидаҳо зиёданд: “Аммо номҳои онҳоро ифшо накунем, тафтишот рафта истодааст. Бо ягон тараф таъсиррасонӣ нашавад. Дар ҳақиқат ҷабрдидаҳо зиёданд, ҳастанд одамҳое, ки якҷоя кор кардаанду баъдан онҳоро аз дар пеш кардааст. Ҳолатҳои гаравгонгирӣ ҳам ҳаст. Одамҳоро дар Қӯрғонтепаю Душанбе то як моҳ нигоҳ дар гарав нигоҳ медоштааст то тиҷорати онҳоро аз худ кунад. Дар ин миён шаҳрванди Афғонистон низ қарор дорад.”
ВИДЕО ИНҶОСТ
Муҳамадзода Ҷамолиддин, масъули парвандаҳои Қувватов изҳор дошт, ки феълан алайҳи Умаралӣ Қувватов бо моддаи 245 ва 247, дуздию қаллобиҳо парванда оғоз карда шудааст: “Ӯ аз ҷониби мақомоти мо дар кофтукоб эълон шудааст. Маводҳояш ба Интерпол пешниҳод гардиданд. Вақти боздошташ дар Дубай мақомоти Арабистон дархости моро қонеъ накарданд, феълан дархостро ба Туркия равон кардем.”
ВИДЕОИ суҳбати А. Ғоиб дар мавриди истирдоди Қувватов
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, 19-уми декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.
Ба иттилои наздикони Қувватов рӯзи 19 декабр дар баробари Қувватов се тан аз ҳамроҳонаш -Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола боздошт шудаанд, ки аз онҳо ҳамчун узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” ном бурда мешавад.
Қаблан созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи боздоштшудагонро талаб намуда, зикр мекунанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат карда, феълан интизори натиҷааш аст.
Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои “Гуруҳи 24”, ки 9-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Додситонии генералии Тоҷикистон гуфт, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.