“Ҳамлаи маргбор ба постгоҳи сарҳадӣ кори як сарбози “шуҳратталаб” буд”
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ҳамлаи маргбори ахир ба посгоҳи сарҳадии “Айкол”-и ноҳияи Лайлакро кори яке аз сарбозони худ донистааст.
Ин ниҳод мегӯяд, яке аз сарбозони “шуҳратталаб”-аш бо ҳамхидматони худ шарт баста, ба постгоҳ ҳамла кардааст: “Ин сарбоз бо ҳамхидматҳои худ бар ивази маблағи калон ва мошини “Мерседес” шарт бастааст, ки ҳангоми адои хидмат машҳур хоҳад шуд.”
Дар ҳамин ҳол, Гулмира Борубаева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, дар пайи ин ҳамла сардори постгоҳи марзии “Айкол” ва муовини ӯ оид ба корҳои тарбиявӣ ба хотири бетаваҷҷуҳӣ барканор шуда, алайҳи чаҳор нафари баландпояи дастгоҳи марказии Хадамоти марзбонӣ чораҷӯӣ шудааст.
Ҳамлаҳи хунини ахир ба постгоҳи “Айкол”-и Лайлаки Қирғизистон шаби 16 январи соли равон тахминан соатҳои 22:50 сурат гирифта, дар натиҷаи он фармондеҳи посгоҳ - М. Исмоилов ба ҳалокат расида, Р. Осмонов, муовини фармондеҳи қисми низомӣ ва сарбози қаторӣ, Ж. Сагинбой ҷароҳат бардоштанд.