Райисҷумҳур Ҷолдубаеваро дар маснади додситони кул дидан мехоҳад
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон баъд аз истеъфои додситони кулли кишвараш номзади наверо ба ин мақом дар парлумон муаррифӣ кард.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Отамбоев ба мақоми додситонии кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубаеваро муаррифӣ кардааст, ки раҳбарии бахши ислоҳоти судӣ ва қонунии дастгоҳи раёсатҷумҳури ин кишварро бар дӯш дорад. Ӯ соли 2002 Донишгоҳи миллии Қирғизистонро хатм карда, дар мансабҳои гуногунӣ давлатӣ дар дастгоҳи президенти ин кишвар ифои вазифа кардааст.
Қаблан, Аида Салянова, прокурори генералии ин кишвар баъд аз эълон шудани номи ҳамсараш дар парвандаи ҷиноие дар суҳбати рӯбарӯ бо Отамбоев аз симмати худ истеъфо дод.