Боздошти Абдуллоев барои қатли модари пираш бо санг
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30-солаи ноҳияи Ашт бо иттиҳоми қатли модараш хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, Олимҷон Абдуллоев дар пайи муноқиша бо санг ба сару рӯи модари 67-солааш -- Тилобибӣ Абдуллоева якчанд маротиба задааст: “Дар натиҷа модараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.