Вазорати молия ба “Тоҷикагролизинг”: Пардохти маблағро аз буҷа интизор нашавед
Раёсати иқтисодии Вазорати молияи кишвар мегӯяд, то соли 2014 ба "Тоҷикагролизинг” ҳудуди 38,6 миллион сомонӣ ҷудо кардаанд, ки барои як корхонаи хурд басанда аст.
Саидмурод Хайриддинов ,раҳбари “Тоҷикагролизинг” 21 январ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, Вазорати молия 3,5 миллион сомонӣ маблағи банақшагирифтаи буҷаро пардохт накарда, ки ба фаъолияти онҳо зарбаи сахт зад. Ҷаноби Хайриддинов афзуд, Вазорати молия сабаби ҷудо накардани маблағҳоро шарҳ надода, танҳо гуфтааст, “худатон маблағ ёбеду кор кунед”.
Аммо Темур Афғонов, сардори Раёсати иқтисодии Вазорати молия ҷумъаи 24 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, “Тоҷикагролизинг” корхонаи воҳиди давлатии худтаъминкунанда буда, имруз 25 дарсади бозори лизингиро аз худ кардааст ва он ҳамчун субъекти хоҷагидор фаъолият карда, дигар пардохти маблағ аз буҷаро интизор нашавад. Ба қавли сардори Раёсати иқтисод, “мувофиқи таҳлилҳои соли 2013-2014 дар соҳаи лизингӣ ба хулосае омадем, ки бояд “Тоҷикагролизинг” аз ҳисоби фоидааш корашро пеш барад”. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳои лизингие ҳастанд, ки фаъоланд: “Махсусан дар вилояти Суғд, ки хеле хизматрасонии хуб ва дастрас доранд”.
Темур Авғонов дар идомаи нишаст вобаста ба аз сар гирифтани маблағгузориҳо ба “Тоҷикагролизинг” аз буҷаи кишвар гуфт, “Вазорати молия ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо назардошти кофӣ будани ҳаҷми маблағҳои аз сарчашмаҳои буҷетӣ ҷудогардида барои фароҳам овардани шароити мусоиди молиявӣ, КВДҶ “Тоҷикагролизинг” фаъолияти худро аз соли 2014 ва минбаъд дар доираи маблағҳои гардишии корхона ба роҳ монда, фаъолият намояд, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт”.