Эмомалӣ Раҳмон баъди паём ҷаласаи васеи ҳукумат баргузор кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ироаи паём ба парлумони кишвар баъди зуҳри имрӯз, 23-юми январ маҷлиси васеи ҳукумат барои баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 баргузор намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ҷараён дорад.
Ба иттилои манбаъ дар оғози маҷлис ҳисоботи сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, директори Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.
Зимни ин ҳисоботҳо ва пурсишу посухҳо Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи асосиро ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир кардааст: “Инчунин таъкид гардид, ки соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақа ва стипендияҳои имсол зиёдшаванда бояд пурра ва саривақт маблағгузорӣ шавад. Дастур дода шуд, ки корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъингардида идома дода шавад. Чунонки зикр гардид, то имрӯз 5600 нафақаи ғайриқонунӣ таъингардида бекор карда шудааст.”
Ба иттилои дафтари матбуот дар пайи ин дастурот вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати Барқи Тоҷик Рустам Раҳматзода, роҳбари ширкати Помир энерҷи Далер Ҷумаев, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика ва Директори ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Хайрулло Сафаров ҳисобот доданд.
Манбаъ мегӯяд, феълан ҷаласаи васеи ҷамъбастии ҳукумат идома дорад.