Истиқболи Кабирӣ аз оҳанги паёми Раҳмон: Умед дар вақти буҳрон хуб аст...
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз оҳанги паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки умедворкунанда буд, истиқбол кард. Ӯ дар шарҳи бардошташ аз паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар мавриди интихоботи оянда интизори дастуроти мушаххасе буд, вале садо надоданд:
-Дар паём ҳама он масоиле ки интизор мерафт ҷо дошта бошанд, зикр шуданд. Тамаркузи бештар ба рушди иқтисодӣ, эчоди ҷойҳои кории нав ва сарфаҷӯйи дар истифодаи барқ ва дигар захираҳо нишон медиҳад, ки паём бо назардошти вазъияти имрӯза омода шудааст. Яъне, буҳрони иқтисодии Русия барои мо бетаъсир нест ва бояд омодаи он бошем. Аммо, паём оҳанги умедворкунанда дошт ва дуруст ҳам ҳаст. Дар баробари омодагӣ ба буҳрон, додани умед ва боварӣ ба мардум дар ҳолатҳои буҳронӣ шиддатро поин мебарад.
Аммо, интизор доштем, ки дар масоили сиёсӣ, ба хусус, интихоботҳои оянда , шароити баробари аҳзоб ва номзадҳо бештар ва дақиқтар суҳбат шавад. Чун Президент дар суханронии худ бахшида ба 20 солагии Сарқонун дар бораи шароити баробар ба ҳама аҳзоб ва номзадҳо сухбат карданд, вале мақомоти маҳаллӣ онро дар марҳалаи пешниҳоди номзадхо, баргузории анҷуманҳо ва конфронсҳо нодида гирифтанд. Барои ин даҳҳо мисол дорем ва ба комиссияҳои дахлдор, судҳо ва дигар мақомот дар ин бора муроҷиат шудааст. Умед доштем, ки дар паём ба мақомот дастури мушаххас дода мешавад, ки қонун ва ваъдаи Президентро бе тафсирҳову шарҳҳои ҳархела иҷро намоянд.
Президент боз ҳам ибораи " шароити баробар"- ба ҳамаро такрор карданд ва гуфтанд, ки ҳама озод ҳастанд дар фаъолияташон. Ҳоло бубинем, ки мафҳумҳои " шароити баробар" ва "озодӣ" аз тарафи макомоти маҳаллӣ чӣ гуна фаҳмида ва тафсир мешавад, чи хел онро амалӣ мекунанд...
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Паёми имсола аз паёмҳои гузашта аз чанд ҷиҳат фарқ мекард, аввал ин, ки соли ҷорӣ барвақтар паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид. Дар паём дар баробари ҳисобот додан аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соли сипаришуда, ҳамчунин нақшагузорӣ барои солӣ ҷорӣ ироа гардид. Дар бораи дастовардҳо зиёд фикрҳо гуфта шуд, воқеан, ҳам мо дар соли гузашта дастовардҳои зиёд доштем.
Чизи муҳиме, ки ҷаноби олӣ дар паёмашон таъкид карданд, ин маоши моҳонаи кормандони давлатӣ бояд дар ҳудуди 25 фоиз баланд карда шавад, ҳамчунин нафақа ва стипендияи донишҷӯён агар хато накунам дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд мешавад. Ҳамаи ин ман фикр мекунам, ки як пешрафте хоҳад шуд барои рушди иқтисод ва дар мавриди сатҳи зиндагии мардум.
Воқеан, ҳам ман ин чизҳоро аз паёми президент интизор будам, чунки вазъият ҳамин чизро талаб мекунад, ва ҷаноби олӣ бо гуруҳи мутахассисон ин чизҳоро таҳлил карда баромаданд ва пешниҳодҳои худро манзури ҷомеаи Тоҷикистон карданд.