Президент: Ба умеди 4 танга пули ҳароми хоҷагони хориҷӣ нашавед
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон аз олимон хост, омилҳои ҷанги шаҳрвандиро мавриди таҳқиқи илмӣ қарор диҳанд.
Ӯ гуфт, андеша ва таҳқиқоти муътамади илмӣ бояд дар масоили ҷанги шаҳрвандӣ нақши ҳалкунанда дошта бошад: “Ҳодисаҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ бояд барои мардум дарси ибрат бошанд. Дида истодаем, ки баъзан беъзеҳо ин ҳодисаҳоро фаромӯш карда истодаанд. Дидед, чӣ гуна давлатҳо ба хоку хун яксон шуда истодаанд. Ба умеди хоҷагони хориҷиятон нашавед, худшинос бошед, бегонапарастӣ накунед. Барои, мебахшед, чор танга пули ҳаром, тафриқаандозӣ накунед. Ҳамаи мо ахбори ҷомеаи ҷаҳониро дида истодем. Дур намеравем, вазъи Афғонистону Покистонро бинед.”
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри вазъи печидаи муосир барои олимон зарур хонд, ки ба рушди сиёсию иҷтимоӣ, устуворӣ, ҷилавгирӣ аз ҳуруфотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.