Маош, нафақа ва стипендия аз 15 то 60% афзоиш меёбанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ дар паёми солонааш дар парлумон аз болоравии маошу нафақа дар кишвар хабар дод.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, аз 1-уми сентябри соли равон музди меҳнати мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 15 дарсад, маоши кормандони соҳаи маориф, варзиш, тандурустӣ - 20 фоиз, маоши кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, яъне хона-интернету истироҳатгоҳҳо - 25 фисад зиёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, инчунин ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна 20 фоиз ва идрорпулӣ 30 дарсад зиёд мешавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, музди меҳнати ҳадди ақал аз 1-уми сентябри соли равон дар кишвар 60 фоиз - аз 250 то ба 400 сомонӣ расонда мешавад.
Ба иттилои президент барои амалӣ кардани ин иқдом аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад. Ӯ ба Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид намуд, амалишавии ин дастуротро саривақт таъмин кунад.