Ҳушдори Президент аз зуҳуроти манфӣ дар соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ дар паёми солонааш ба парлумон аз зуҳуроти манфӣ дар соли равон ҳушдор дод.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, соли ҷорӣ номуътадилии сиёсӣ дар бархе аз кишварҳо, ноустувории бозори молӣ ва ашёи хом метавонанд, ба рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд.
Ӯ таъкид намуд, ҳукумат дар чунин шароит муваззаф аст, барои иҷрои уҳдадориҳо ва таъмини рушди соҳаҳои гуногуни кишвар чораҳои иловагӣ андешад.
Раисиҷумҳур бо зикри омилҳои манфии берунӣ афзуд, сиёсати иқтисодиро бояд тавре ба роҳ монд, ки рақобатнокии иқтисоди миллию истеҳсолоти ватанӣ баланд бардошта шавад.