Ҷанозаи шоҳи Саудӣ баъд аз зуҳр баргузор мешавад
Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудӣ, ки аз моҳи сентябри соли 2014 инҷониб дар беморхона бистарӣ буд, дар синни 90-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба иттилои шабакаҳои телевизиони расмии Саудӣ, қалби 6-умин подшоҳи ин кишвар шаби 22 ба 23 январи соли равон аз тапиш боз мондааст. Ҷанозаи Абдуллоҳ ибни Абдулазиз рӯзи ҷумъа – 23 январ баъд аз зуҳр дар шаҳри Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба ҷои ӯ бародараш - Салмон ибни Абдулазиз и 80-сола расман ба тахти шоҳӣ нишаста, амир Муқрин ибни Абдулазиз валиаҳд эълон шудааст.
Абдуллоҳ ибн Абдулазиз соли 2005 ба ҷои бародараш Фаҳд ибни Абдулазиз ба тахти шоҳӣ нишаст ва шашумин подшоҳӣ Саудӣ эълон гардид.Дар акси дуюм Салмон ибни Абдулазиз