Зоиров нашри “суҳбати фейсбукияш бо дӯст”-ро туҳмати ҲХДТ хонд
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон имрӯз, 22-юми январ дар сомонаи расмияш матлабе зери унвони “Мукотибаи фейсбукии Зойиров бо дусташ” –ро нашр кардааст, ки дар он баҳс сари қазияи боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маъруфи Тоҷикистон меравад.
Дар матлаби нашркардаи ҲХДТ, ки Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ онро туҳматномаи ҳизби ҳоким дар ҳаққаш хонд, аз ҷумла омадааст:
16:55
«Х.Ш.»
Устод салом
16:56
Зойиров Рахматилло
Салом. Шумо дар кучоед барои чи назди ман намебиёд.
17:00
«Х.Ш.»
Устод дар хонаи Кудратов Шухрат будам. Занашро дидам. Каме маблаг ба дасташ додам.
17:02
Зойиров Рахматилло
Чи кор мекуни пулатро хамачо сарф карда. Аз хама хубаш биёр ман туро номзадиатро барои интихоботи Парлумон пешкаш намоям.
17:03
«Х.Ш.»
Устод корхои Шухрат чи мешуда бошад?
17:07
Зойиров Рахматилло
Ман назди Фатто Саид будам. Дар ончо бо тамоми маводхои парвандаи Шухрат Кудратов шинос шудам. Бори дигар бовари хосил кардам, ки Шухрат як аблах будааст. Наход одам то ин дарачая паст фаромада бошад. Ба гайр парвандаи чинояти, нисбати у боз чанд аризаи дигарро дидам, ки кормандони коррупсия метавонанд дар дилхох вакт нисбати Шухрат бо дигар моддахо парванда огоз кунанд.
17:09
«Х.Ш.»
Мо чи кор бояд кунем, Шумо чи маслихат медихед?
17:10
Зойиров Рахматилло
Акнун маълум аст, ки Шухрат камаш 8-10 сол хукм мегирад. Мо бояд аз ин вазъият истифода карда, ба нафъи худ кор барем. Чунки дар пеш интихобот аст. Ва хатман казияи Шухратро дастаки худ намуда, ба интихобот меравем. Сафорату ташкилотхои хоричи низ ба мо таваччух зохир менамоянд. Ва шояд кумаки пули хам кунанд))))
17:15
«Х.Ш.»
Устод дар хакикат Шумо шахси дурбин хастед…
Худи Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва вакили дифои Шуҳрат Қудратов, ки зоҳиран аз нашри ин матлаб хабар надошт, ба “Озодагон” гуфт, дар бораи Шуҳрат Қудратов дар фейсбук бо ягон нафар суҳбате надоштааст: “Агар ин матлаб дар сомонаи ҲХДТ нашр шуда бошад, он як туҳмате беш нест.”
Шуҳрат Қудратов, ки шаш моҳ мешавад, дар боздошт аст, 13 январи соли равон аз ҷониби Тоҳирбек Мусобекзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Мусобекзода зимни эълони ҳукм изҳор дошт, бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ - қаллобӣ ва фасодкорӣ дар маҷмуъ 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.