Пешниҳоди “Душанбенақлиёт” барои боло бурдани нархи роҳкиро
Муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” пешниҳод кардааст, нархи роҳкиро дар пойтахт баланд бардошта шавад.
Дар ин бора имрӯз, 22-юми январ, Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, пешниҳоди боло бурдани ҳаққи роҳкиро охири соли 2014 ироа гардида, дар он таъкид шудааст, бо далели қимат шудани қисмҳои эҳтиётӣ ва азбаски мусофиркашҳо фарсуда шудаанду ниёз ба таъмир доранд, ҳаққи роҳкиро дар Душанбе боло бардошта шавад.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор дошт, феълан ин пешниҳод мавриди баррасӣ қарор дорад ва хулосаи ниҳоӣ дар ин маврид қабул нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли 2011 бо қарори шаҳрдорӣ ҳаққи роҳкиро дар Душанбе дар мусофиркашҳо 1,6 сомонӣ муайян шудааст, аммо ронандаҳо аксаран аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд.