Раҳимӣ ба муҳлати 5 солу 91 рӯз равонаи зиндон шуд
Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини аввали Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури пешини Эрон ба 5 солу 91 рӯз равонаи зиндон шуд. Инчунин додгоҳ ӯро ба пардохти се миллиарду 850 тумани эронӣ муваззаф кардааст.
Парвандаи муовини аввали Маҳмуд Аҳмадинажод дар ибтидо дар Шуъбаи 76-и додгоҳи кайфарии Теҳрон баррасӣ шуда, ҳайати додгоҳ бо судури қароре ӯро ба 15 солу пардохти се миллиард ва 850 туман маҳкум карда буд. Дар пайи шикоят, парвандаи ӯ дар Шуъбаи 11-и девони олии Эрон бозбинӣ шуда, 10 соли ҳукми зиндонаш кам карда шуд.
Муҳсин Ифтихорӣ, сарпарасти Додгоҳи кайфарии Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе 21 январ ҳукми додгоҳ алайҳи оқои Раҳимиро эълон дошта, аз додани тавзеҳот худдорӣ кардааст. Муҳаммадризо Раҳимӣ, ки соли 2012 бо нишони "Дараҷаи 1-и хидмат" аз сӯи Маҳмуд Аҳмадинажод қадрдонӣ шуда бюуд, дар сӯистифодаҳои пулӣ ва парвандаи фасоди ширкатҳои бима (суғурта) муттаҳам аст.