Курсии вазири хориҷиро ба Раббонӣ надоданд
Парлумони Афғонистон номзадии Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум Бурҳониддин Раббонӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳро ба мансаби вазирии умури хориҷии ин кишвар напазируфт.
Тибқи иттилои расонаҳои афғонӣ, Абдулқодир Зозай, раиси Комиссияи умури ҷаҳонии Маҷлиси Афғонистон гуфтааст, номзадии ҳафт вазире, ки шаҳрвандии кишварҳои дигарро низ доштанд, аз сӯи Маҷлиси намояндагон рад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳафт нафар Нурулҳақ Улумӣ номзад ба вазири умури дохилӣ, Салоҳиддин Раббонӣ номзад ба вазири умури хориҷӣ, Сайидсаодат Нодирӣ номзад ба вазири кор ва умури иҷтимоӣ, Сайр Маҳҷур номзад ба вазири адлия, Файзуллоҳ Кокар номзад ба вазири мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, Шоҳзамон Мевандӣ номзад ба вазири шаҳрсозӣ, Ойсултон Хайрӣ номзад ба вазири иттилоот ва фарҳанг мебошанд.
Ради номзадии ин афрод аз сӯи Маҷлиси Афғонистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи Зозай раисҷумҳури ин кишвар аз номзадии онҳо дар кобинаи худ чандон хушнуд набуда, ҳатто барои тасдиқи номҳои онҳо талош низ накардааст: “Раисҷумҳур ҳадди ақал мисли ҳамтои пешинаш лоббӣ ҳам накард ва ҳатто ҳам нагуфт ин кобина мутахассис аст. Аз ин маълум мешавад, ки аз ин кобина чандон розӣ нест ва иншоаллоҳ бисёре аз ин номзадҳо низ раъй нахоҳанд гирифт.”
Салоҳиддин Раббонӣ, писари раисиҷумҳури пешини Афғонистон - Бурҳонуддин Раббонӣ аст, ки ба ҷои падари худ дар курсии раҳбарии Шӯрои олии сулҳ, ниҳоди масъули гуфтугӯи сулҳи Кобул бо ҷунбиши Толибон, моҳи апрели соли 2012 нишаста буд. Ӯ пеш аз омаданаш ба ин симмат, ба ҳайси сафири Афғонистон дар Туркия кор кардааст. Писари Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, дорои дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондон низ ҳаст.