Чин ба “Тоҷиказот”-и Фирташу Зайд Саид “чашм ало кардааст”
Чин барои фаъол кардани корхонаи “Тоҷиказот”, ки ахиран аз Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва Зайд Саид, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик мусодира гардид, пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст.
Ин нуктаро Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошта, таъкид намуд, ки феълан “Тоҷиказот” бо тамоми технологияи муосир таъмин аст: “Аммо ба далели набудани ашёи хом кор намекунад.”
Вай афзуд, то ҳол ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешниҳоди Чин дар мавриди “Тоҷиказот” посух нагуфтааст, вале ӯ изҳори боварӣ намуд, ки “Тоҷиказот” ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд. Вазир илова кард, ки дар баробари чиниҳо боз шаш ширкати хориҷии дигар ба “Тоҷиказот” таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки пешниҳоди ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира намуд. “Тоҷиказот” тайи солҳои охир ба далели қатъи интиқоли газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмонд.