Душанбе-Тошканд: Роҳи ҳавоӣ ифтитоҳ ва яхҳо об мешаванд?
Атохон ҒАНИЕВ
Чанд рӯз қабл бархе расонаҳо аз фаъол шудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд дар ояндаи наздик хабар доданд. Тибқи иттилои торнамоҳои routesonline.com, jumpseatgossip.com, airlineroute.net ва airlinenewswire.com нахустин парвоз аз Тошканд ба Душанбе субҳи 29 марти соли 2015 тавассути ширкати ҳавопаймоӣ UZ Airways (шумораи рейс HY 783) ба вуқӯъ хоҳад пайваст: "Вақти сафар як соату 5 дақиқа буда, парвози бозгашт аз Душанбе ба Тошканд ҳамон рӯз анҷом мешавад. Парвозҳо ба самти Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Тошканд, аз рӯи ҷадвал дар як ҳафта ду маротиба сурат хоҳад гирифт”.
Парвозҳои мустақим миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 1992 қатъ шуд. Пас аз 8 сол, аз соли 2000, бо ташаббуси Тошканд байни ду кишвар раводид ҷорӣ гардид. Соли 2001, ҷониби Ӯзбекистон бо баҳонаи муҳофизати қаламрави худ аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро минагузорӣ намуд. Аммо чунин ба назар мерасад, ахиран яхҳои сард оҳиста об шуда истодааст ва ҳар ду кишвар барои беҳтар сохтани муносибатҳои ҳамсоягӣ кушиш доранд.
Тавре сардори департаменти иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба намояндагони ВАО изҳор намуд, зимни мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе масъалаи беҳтар кардани ҳамкорӣ ва рафтуомад баррасӣ гардид. Дар доираи ин мулоқот, Душанбе ба Ӯзбекистон барои ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Тошканд, дархости расмӣ ирсол намудааст.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои дигар, ҳамчунин масъалаи кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо воситаи нақлиёти мусофиркаш ва осонтар намудани гирифтани раводид барои шаҳрвандони ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор дорад. Барои беҳтар кардани муносибат Тоҷикистон Ӯзбекистон баробар манфиатдоранд. Зеро муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин ду кишвар, таърихи чандсадсола дорад. Мардуми ин ду ҷумҳурии ҳамсоя то солҳои наздик робитаи зич ва ҳамкории судманд доштанд. Ҳатто мардум барои хӯрокхӯрӣ аз як ноҳияи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меомаданд ё баръакс.
Аз бад шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя, онҳое зарар диданд, ки дар ду ҷониб хешутабор ва наздикони худро доштанд ё бо амри тақдир аз намояндаи миллати дигар зан гирифта ё ба шавҳар баромада буданд. Дар ҳар сурат, беҳтар шудани муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон танҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Дар натиҷаи оғози рафтуомад имкониятҳои тоҷирон беҳтар шуда, боиси фаровонӣ дар бозорҳо ва арзон шудани нархи маҳсулот мегардад. Ин танҳо як падидаи хуби иқтисодӣ аст, афзалиятҳое дигаре ки ду кишвар баъди беҳтар намудани муносибати неку ҳамкории судманд ба даст меоранд, наметавон ба як ҷумла хулоса намуд.