ВИДЕО: 56 хона ба гумрукчиён ва ташаккури Рустами Эмомалӣ ба Ҷаноби Олӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми январ дар рӯзи кормандони гумрук як бинои 9 ошёнаро ба истифода дод, ки барои кормандони соҳа пешбинӣ шудааст.
Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, ин бино дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе бунёд шудааст: “Ин бино бо тарҳи замонавӣ ва дар муддати ҳафт моҳ сохта шуда, аз ду гузаргоҳ иборат аст”. Ба қавли манбаъ, дар ин бино 56 корманди гумрук соҳиби манзил хоҳанд шуд: "Хонаҳо ба нозирони гумрук, ки собиқаи корӣ доранд, супурда мешавад".
Расми буридани лента бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раҳбари Хадамоти гумрук ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон сурат пазируфт. Рустами Эмомалӣ аснои суханронӣ гуфт, “маҳз бо туфайли дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҷаноби олӣ, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон гумрук дар иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда, ба комёбиву пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар радифи дигар вазорату идораҳо дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар нақши дурахшон ва саҳми босазо дорад”.