Кабирӣ роҳпаймоии Грознийро зиндашавии уммати исломӣ гуфтааст
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар дар доираи сафараш ба ҷумҳурии Чеченистони Русия бо Дукухава Абдурраҳмонов, раиси парлумони ин кишвар мулоқот кардааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дидори Кабирӣ бо Абдурраҳмонов дар ҳошияи роҳпаймоии дастаҷамъӣ ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад (с) рӯзи 20 январ дар шаҳри Грозний баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, раиси парлумони Чеченистон аз иштироки вакили Тоҷикистон дар роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз паёмбари Ислом (с) истиқбол карда, барои қабули даъват ва ташриф овардан ба шаҳри Грозний миннатдорӣ баён кардааст. Раиси ҲНИТ низ дар навбати худ аз ин иқдоми Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар пайи маъракаҳои ахири зиддиисломии Ғарб истиқбол карда, ин роҳпаймоиро ҷавоби қатӣ ба исломситезон донистааст: “Ин чорабинӣ на танҳо як роҳпаймоии мусолиматомез алайҳи сӯистифода аз арзишҳои динӣ буд, балки оғози эҳё ва зиндашавии уммати исломӣ ва гоми муҳиме дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст.”
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии парлумони Чеченистон низ аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи кории яке аз кумитаҳои ин ниҳод хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, раиси ҲНИТ рӯзи 20 январ дар ҷаласаи Кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии парлумони Чеченистон бо ҳузури аъзои ин кумита - Сайд Ҳамзат Ҷамалуллайл, Ҳусейн Яхиханов, Магомед Алҳазуров, Амруддин Мирзаев ва Мансур Абубакаров иштирок кардааст.
Дар ин ҷаласа, ки таҳти раҳбарии Ҷамбулат Умаров, раиси кумитаи мазкур баргузор шуд, дурнамои ҳамкориҳои ниҳоди қонунгузории ду кишвар ва масоили марбут ба барномаҳои зиддиисломии баъзе аз кишварҳои Ғарб баррасӣ шудаанд. Умаров низ аз ташрифи ин вакили парлумони Тоҷикистон ба Чеченистон ба хотири иштирок дар роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад (с) қадрдонӣ карда, онро нишона ва амали як мусалмони воқеӣ донистааст.
Дафтари матбуотии парлумони Чеченистон менависад, Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷаласа суханронӣ карда, вазифаи асосии мусалмонон дар шароити феълиро нигаҳ доштани сулҳу оромӣ ва тазкими ваҳдат хондааст: “Пас аз ҳодисаи Фаронса, мо куштори журналистонро шадидан маҳкум кардем. Дар кишварҳои мутамаддин набояд эҳсосоти динии мусалмонон, масеҳиён ва ғайра таҳқир шавад ва бояд нисбати арзишҳои умумӣ ва инсонҳо таҳаммулпазир бошанд.”
Раиси ҲНИТ рӯзи 18 январи соли равон ба хотири иштирок дар роҳпаймоии дастаҷамъӣ дар Чеченистон ба ҷонибдорӣ аз Муҳаммад (с) озими шаҳри Грозний шуд.