“Мегафон” аз дастрас шудани алоқа дар нақби Шаҳристон хабар медиҳад
Ширкати мобилии “МегаФон” 20 тан аз журналистону блогнависонро ба иқдоме ҷалб кардааст, ки хотири ифтитоҳи истгоҳи нави ин ширкат дар нақби Шаҳристон, роҳандозӣ шудааст.
Тавре аз ин ширкат хабар доданд, истгоҳи мазкур ба хотири барқарор кардани алоқа дар дохили нақби мазкур, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад, насб гардидааст.
“Дарозии нақби Шаҳристон панҷ километр аст, ки қаблан дар дохили он истифода бурдани алоқаи мобилӣ душвор буд. Мутахассисони мо роҳҳали ин мушкилро пайдо карданд”,- мегӯяд сарвари молиявии ширкати “МегаФон” – Анатолий Изюмников.