КМИР: Номзадҳои ҲХДТ ва ҲАТ доғи судӣ надоранд
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ расман номзадҳо аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистонро ба қайд гирифт.
Тибқи иттилои КМИР аз 27 номзаде, ки ҲХДТ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ пешниҳод кардааст, ягон нафарашон доғи судӣ надоранд: “Инро санҷиши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нишон дод. Сатҳи забондонияшон низ ба талабот ҷавобгӯй ва гаравпулии интихобот – аз ҳар номзад 4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 108 ҳазор сомониро пардохт кардаанд.”
Инчунин манбаъ таъкид намуд, ки аз миёни 13 номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳам ягон нафарашон доғи судӣ надорад ва забондонияшон низ ба талабот ҷавобгӯй аст: “Гаравпулӣ дар ҳаҷми 52 ҳазор сомонӣ низ ба суратҳисоби КМИР гузаронда шудааст.”
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадҳои ҲХДТ ва ҲАТ-ро ба қайд гирифт ва интизор меравад, ки фардо, 22-юми январ сабти расмии номзадҳо аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон сурат гирад.