“Мақсуд Иброҳимовро дар Маскав рабудаанд”
Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаркати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Маскав аз ҷониби афроди номаълум рабуда шудааст.
Дар ин бора расонаҳои Русия имрӯз, 21-уми январ аз қавли вакили мудофеъ, Николай Николайев хабар додаанд. Ба иттилои Николайев 5 нафар, ки миёнашон шахсе бо либоси низомӣ низ будааст, бо баҳонаи тафтиши Хадамоти федералии муҳоҷират ё худ ФМС ба манзиле, ки Иброҳимов баъди мураххасӣ аз беморхона он ҷо иқомат доштааст, ворид шудаанд: “Онҳо сарфи назар аз эътирози наздикон Иброҳимовро савори мошин карда, бо худ бурдаанд.”
Николайев мегӯяд, дар пайи ин қазия афроди номаълум тариқи телефон ба наздикони Иброҳимов хабар додаанд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард ва рӯзи дигар метавонанд дар Тоҷикистон ба ӯ либосу дигар лавозимотро бурда диҳанд. Ин вакили дифоъ мегӯяд, феълан маълум нест, ки Иброҳимов дар куҷо нигоҳ дошта мешавад.
Мақомоти пулиси Маскав аз ин қазия изҳори бехабарӣ карда, гуфтаанд, дар мавриди ҷои будубоши Иброҳимов иттилоъ надоранд. Наздикони Иброҳимов бар инанд, ки ӯро мақомоти махсус дуздида, ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.
Мақсуд Иброҳимов шоми 26 ба 27 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Ӯ, ки дар ҳамоишҳои эътирозӣ дар Русия истеъфои ҳукумати феълии Тоҷикистонро талаб мекард, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудааст.
Мақсуд Иброҳимов инчунин узви раёсати эътилофи нируҳои мухолифин - “Тоҷикистони нав” арзёбӣ мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, созмони мамнуи “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов ва чанд созмони дигари мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.
Рабудани Иброҳимов дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 8 узви “Гуруҳи 24” дар Русия хабар дода, афзуд, ки масъалаи истирдоди онҳо дар ҳоли ҳал қарор дорад.