Ҷавондухтарони Душанбе дар мошиндуздӣ муттаҳам мешаванд
Мақомоти пулиси Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавонзан - сокинони 20 ва 34-солаи Душанбе хабар доданд, ки дар мошиндуздӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Манзура Турсунова, сокини 34 солаи Душанбе дар он айбдор мешавад, ки 4-уми сентябри соли 2014 аз назди маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и Мирзомуддин Ғафуров, сокини 50-солаи Душанберо дуздида бурдаст.
Манбаъ мегӯяд, инчунин дар пайи муроҷиати Муҳаммадӣ Муҳаммадиев, сокини 24-солаи Душанбе Наргис Ҳазратқулова, сокини 20 - солаи пойтахт барои мошиндуздӣ боздошт шудааст. Ҳазратқулова дар он айбдор мешавад, 19 январи соли равон, тахминан соати 19.00-дақиқа аз назди купрӯки шаҳраки Шаҳринав мошини “Опел-Астра”-и 5 ҳазор долларии Муҳаммадиевро рабудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.