Боздошти Миҷгона барои сартарошӣ ва буридани лабу бинии ҳамсинфаш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Миҷгона Латипова, як сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон хабар дод, ки дар ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва азобу уқубати як ҳамсолаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ВУД, Миҷгона Латипова (соли таваллудаш 1989) санаи 16 январ аз ҳиссиёти хусумати шахсӣ, Шабнам Юсуфова (соли таваллудаш 1989), сокини ноҳияи Ёвонро ба хонаи истиқоматиаш оварда латту кӯб намудааст. Манбаъ мегӯяд, Миҷгона Латипова бо алмос қошҳои Шабнам Юсуфоваро тарошида, бо қайчӣ муйи сар, лаб ва бинии ӯро бурида, муддати зиёда аз 3-4 соат ба ӯ озори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ расонидааст: “Баъди ин, ҷабрдидаро ба хонаи Гулдаста Саидова, сокини ноҳияи мазкур бурда, бо роҳи зӯроварӣ зиёда аз 2 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум сохтаанд. Пас аз 2 шабонарӯз, яъне 18 январ, Шабнам Юсуфова бо дахолати кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон озод карда шуд”.
Вазрати умури дохилӣ мегӯяд, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.