АКС: Барканории ду генерал ва таъиноти нав дар сохторҳои қудратӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми январ як гурӯҳ кадрҳои навтаъини Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварро ба ҳузур пазируфтааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур дар мавриди кадрҳои навтаъин хабар медиҳад, ки Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шудаст. Ӯ дар ин мақом генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродзодаро иваз кард, ки ахиран аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Инчунин Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардидаанд. То ҳол раҳбарии Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро генерал Ҷурахон Маҷидзода ба ӯҳда дошт, ки ӯ низ аз ҳавзаи Муъминобод ҳамчун номзади ҳизби ҳоким ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ҳамчунин роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои нав афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ва таҳдидҳои олами муосир зикр карда, ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомию кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат таъкид кардааст.