ҲСДТ бо нишони эътироз аз интихобот даст кашид
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нишони эътироз ба ҳукми Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ин ҳизб иштирок дар маъракаи интихоботии соли 2015-ро мутаваққиф кардааст.
Дар ин бора ҲСДТ, зери имзои Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳизб иттилоия пахш карда, афзудааст, даъвати Анҷумани фаврии ҲСДТ барои бойкоти интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ аст. Ба иттилои манбаъ, Шӯрои сиёсӣ қарор кард, ҳар чӣ зудтар ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда, бозбинӣ ва барқарор кардани адолатро дар қазияи Шуҳрат Қудратов дархост кунад.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ таъкид мекунад, ки парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов аз аввал фармоишӣ ва сохта буда, ҳукми додгоҳӣ инро собит намуд. Ӯ таъкид мекунад, таъқиби ҷиноии Қудратов ба фаъолияти касбию сиёсии ӯ марбут аст. Раҳбарияти ҲСДТ муътақид аст, Қудратов барои танқиди афроди воломақом ва баромад дар парвандаҳои ҳассос маҳкум шуда, феълан ӯ як маҳбуси сиёсист.