Сармоягузорони чинӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон “мекӯчанд”?
Хабаргузории Eurasianet.org бо нашри як матлаб навиштааст, “сармоягузорони чинӣ аз номуайянӣ дар Қирғизистон хаста шуда, дар ҳоли тарк кардани ин кишвар ба қасди Тоҷикистони ҳамсоя ҳастанд”.
Муаллифи матлаб мегӯяд, сармоягузорони хитоиро тасмими Бишкек барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва фазои беназми сиёсии ин кишвар, ба ин иқдом таҳрик додааст. Дар маллаб омадааст: “Лоиҳаҳои Чин дар Тоҷикистон назар ба Қирғизистон натиҷаҳои беҳтаре додаанд. Барои мисол, ширкати истихроҷи маъдани “Zijin Mining Group”, ки дар ҳар ду кишвар ба коркарди тилло машғул аст, дар кони тиллои Зарафшон се тон тилло коркард кардааст.”
Ба навиштаи муаллиф, ҳамин ширкат, ки соҳиби 60 дарсади саҳмияҳои лоиҳаи коркарди тиллои “Талди-Булак Левобережний”-и Қирӯизистон аст, аз соли 2011 ба ин сӯ гирифтори мушкилот аст: “Дар соли 2012 ширкати “Zijin” 250 коргари худро дар пайи муноқиша бо мардуми маҳаллӣ берун кард. Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ин лоиҳа ба иллати камбуди барқ ба таври лозим амалӣ намешавад”.
Аммо муаллифи матлаб аз қавли Алекс Меликишвилӣ, таҳлилгари минтақавӣ дар Вашингтон навиштааст, барои иддао кардани он ки сармоягузорони чинӣ Тоҷикистонро авлотар мешуморанд, барвақт аст. “Сармоягузории Пекин дар Тоҷикистон нав шурӯъ шудааст, дар ҳоле ки ширкатҳои чинӣ дар Қирғизистон сармоягузории пештаре доштаанд. Бо вуҷуди ин ширктҳои чинӣ вақтҳои ахир барои рушди сармояи худ дар Қирғизистон чандон майл надоранд”,- гуфтааст Меликишвилӣ.
Ин таҳлилгар бар ин бовар аст, сармоягузорони Чин намедонанд, интихоботи парлумонии тирамоҳи имсоли Қирғизистон чӣ фазоеро дар кишвар ба бор меоварад. Гузашта аз ин, узвияти ин ҷумҳурӣ ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро бодиққат назорат мекунанд, ки ба манфиатҳои тиҷоратии онҳо чи таъсир мегузорад.
Дар идомаи матлаб омадааст, Тоҷикистону Қирғизистон шароити хубе барои ҷалб кардани сармоягузорӣ надоранд: “Дар раддабандии “Кори тиҷорат”-и Бонки ҷаҳонӣ аз миёни 189 кишвар Қирғизистон мақоми 102 ва Тоҷикистон ҷойи 166-умро касб карданд”.