Вазир: Вазъи Ёқуб Салимовро напурсидаам
Рустам Шохмурод, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ягон маротиба вазъи сиҳатии Ёкуб Салимов, собиқ вазири умури дохилии кишварро, ки беш аз 11 сол аст, дар боздоштгоҳи муваққати ин ниҳод нигаҳдорӣ мешавад, напурсидааст.
Ӯ имрӯз, 21 январ зимни нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе гуфт, “рости гап, дар бораи вазъи саломатии Ёкуб Салимов ягон маротиба напурсидам. Дархосташ барои шартан озод кардан дар салоҳияти мо нест”.
Қаблан гуфта мешуд, Ёқуб Салимов бо далели адои аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳ ва бад будани вазъи саломатияш аз Додгоҳи олӣ дархост кардааст, ӯро шартан пеш аз муҳлат озод намоянд. Аммо Нусратулло Абдулло, раиси Суди олии Тоҷикистон, дар нишасти хабарияш гуфт, аз собиқ вазири умури дохилӣ барои бозбинии ҳукмаш дархостеро дарёфт накардаанд. Раиси Суди олӣ 12 январ афзуд, дар сурати пешниҳод шудани чунин дархост ҳатман онро баррасӣ мекарданд. Дар мавриди афви Ёқуб Салимов бошад, гуфт, ки ин масъала дар салоҳияти Комиссияи махсус оид ба афв аст, ки кормандони ниҳодҳои дигар, аз ҷумла додситониро дар бар мегирад.