Тавсифи Ширинов аз бонкдории исломӣ: Асосан муштарӣ фоида мебинад
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, низоми бонкдории исломӣ аз низоми маъмулӣ аз бисёр ҷиҳат бартарӣ дорад.
Ширинов 20-уми январ зимни як нишаст дар Душанбе роҳандозии низоми бонкдории исломиро дар кишвар манфиатовар хонда, таъкид намуд, ки аз ин низом асосан муштариён фоида мебинанд. Раиси Бонки Миллӣ гуфт, яке бартариятҳои низоми бонкдории исломӣ дар он аст, ки фоидаи бонк аз фоидаи кори муштарӣ гирифта мешавад: “Низоми бонкдории маъмулӣ дар баъзан ҳолатҳо нишон дод, ки ба баъзе хавфҳо тоб оварда наметонад, ки ин хосиятҳо дар низоми бонкдории исломӣ нестанд. Дар бонкдории исломӣ фоида аз фоида гирифта мешавад қарзҳо асосан ба истеҳсолот дода мешаванд. Бардоштани фоида аз қарздиҳӣ асосан дар ҳамон ҳолате рух медиҳад, ки истеҳсолот фоидаовар шавад. Аз ин рӯ барои қарзгир чунин низоми бонкдорӣ хеле манфиатовар аст. Дар Тоҷикистон ҳам ҷои худро ҳатман ин намуди бонкдорӣ меёбад”.
Абдуҷаббор Ширинов илова намуд, ки ташкили низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон кори нав аст ва онҳо дар ин ҷода метавонанд ба душвориҳое, ки ба ташкили кор вобастагӣ доранд , дучор шаванд: “Низоми бонкдории исломӣ имрӯзҳо дар тамоми дунё рушд карда истодааст ва дар Тоҷикистон низ он ҷой худро ёфта, ба як роҳи нави вуруди сармоя ба кишвар мубаддал хоҳад шуд.”
Раиси Бонки Миллӣ таъкид намуд, ки қонун дар мавриди низоми бонкдорӣ таҳия шуда, корҳо болои таҳияи низомнома ҷараён доранд.