Хомӯшӣ ба хотири Шарипов ва даъвати Зуҳуров: Ба қадри якдигар бирасем!
Ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо лаҳзаи хомушӣ ба хотири гиромидошти хотираи Суҳроб Шарипов шурӯъ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон марги Суҳроб Шариповро талафоти гарон гуфта изҳор дошт, аз тамоми сафоратхонаҳои дохил ва хориҷ, инчунин шаҳру навоҳии кишвар номаҳои ҳамдардӣ ва тасаллият дарёфт кардаанд. Ӯ дар идома афзуд, “мову шумо дар зиндагӣ бисёр чизҳоро дида, сабақ гирифтаем. Ин ҳаёт абадӣ нест, ба қадри якдигар бирасем”.
Суҳроб Шарипов вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон рӯзи 19 январ дар беморхона даргузашт ва ҷанозаи ӯ рӯзи 20 январ дар Душанбе ба хок супурда шуд.