Посухи КМИР ба "кибр"-и Сайфуллозода ва "таҳқир"-и Воҳидова
Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба изҳороти Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва Ҳикматулло Сайфуллозода, номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи санҷиши забондонии номзадҳо ба парлумон, посух гуфтааст.
Ба иттилои КМИР Файзинисо Воҳидова дар расонаҳо парлумони кишварро ниҳоди шахшуда ва санҷиши донистани забони давлатиро таҳқир ҳисобидааст: “Файзинисо Воҳидова қайд кардааст, ки “ҷорӣ шудани санҷиши донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон таҳқири намояндагони мардумӣ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд”.
КМИР мегӯяд, бо ин ақида розӣ нест ва санҷиши забондонии номзадҳо талаботи қонунгузорӣ ва меъёри маъмулӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад: “Шумо ҳуқуқшинос ҳастед ва аз қонунҳои кишвар хуб бохабаред. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Чаро ин меъёрҳои қонунро нодида мегиред ва оид ба ин масъала мардумро ба иштибоҳ мебаред. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад чӣ гуна қонун таҳия мекунад? Илова бар ин, санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон мавҷуд аст.”
Инчунин Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ кибру ғурури нозарури Ҳикматулло Сайфуллозода, номзад аз ҲНИТ-ро бемаврид хондааст. Сайфуллозода дар мавриди санҷиши номзадҳо гуфтааст, «он чи, ки ман медонам, худи имтиҳонгирандагон намедонанд. Аммо бо вуҷуди ин аз мо талаб карданд, ки тарҷумаи ҳолро супорем. Баъдан ҳайати комиссия ин навиштаи маро таҳсин хонданд. Ростӣ, намедонам, ки ҳадаф аз супоридани имтиҳон чӣ буд».
Дар мавриди ҳадафи санҷиши номзадҳо КМИР такроран овардааст, ки ин талаботи қонун аст ва бе донистани забони давлатӣ вакили парлумон наметавонад дар таҳияи қонунҳо саҳми назаррас гузорад.