Мирзоалиев дар бораи муносибатҳо бо Узбакистон, Истгоҳи замонавӣ ва роҳи Ваҳдат-Ёвон
Комил Мирзоалиев, раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, далели таъхир нашудани ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон тайи як соли ахир ба роҳандозии муносибати хуб бо “Роҳи оҳани Узбакистон” аст.
Дар гузашта, қаторҳои Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф дар қаламрави ҳамсоякишвар ба муҳлатҳои мухталиф нигоҳ дошта мешуданд. Ҷаноби Мирзоалиев, дар нишасти хабарии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, рӯзи сешанбеи 20 январ дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар ин замина гуфт, “танҳо як чизро гуфта метавонам, ки муносибати хуб-хуб аст”.
Оқои Мирзоалиев дар пайи аризаи истеъфои Асадулло Зоиров дар моҳи феврали соли 2014 ба курсии раҳбари ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" нишаст. Зоиров оғози моҳи феврали соли сипаришуда баъди барканории Амонулло Ҳукумов ба ин мақом расида буд.
Комил Мирзоалиев дар нишасти матбуотӣ инчунин аз тасмим дар бораи бунёди Истгоҳи замонавии роҳи оҳан хабар дод. “Чун хориҷиён тавассути истгоҳи роҳи оҳан вориди Тоҷикистон мешаванд ва истгоҳ симои Тоҷикистон аст, тасмим гирифтем, як вокзали замонавиро бунёд кунем. Рӯзҳои наздик чанд ширкатро барои мулоқот даъват кардаеам”,-афзуд ӯ.
Роҳбари “Роҳи оҳани Тоҷикистон” то ба курсии раҳбарӣ нишастанаш масъалаи боркашонӣ дар минтақаи транзитӣ қариб ба сифр баробар буд ва тули як соли фаъолият ҳаҷми боркашонӣ 87 ҳазор тонна зиёд шуда, ҷалби кадрҳои ҷавон ба ин ниҳод афзудааст.
Ба иттилои ӯ, барои сохмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, бо давлати Чин ба маблағи 72 миллион доллар шартнома бастаанд: “Бо ин маблағ сохтмони се нақб бо дарозии 77 метр ва 5 пул дар назар аст”.