Мансаби нави Мансур Ҳамидов
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, тасмим аст, ки Мансур Ҳамидов, мудири кулли ширкати ТСЕЛЛ, калонтарин ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон мансаби нав гирад.
Ба иттилои манбаъ дар назар аст, ки Ҳамидов дар сохтори TeliaSonera дар Туркия мансаби нав гирифта, масъулияти рушди хизматрасонии ширкаташонро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба уҳда хоҳад дошт.
Дар дафтари матбуоти ТСЕЛЛ мавҷуд будани чунин овозаҳоро таъйид карда, афзуданд, ки то ҳол санади таъиноти нави Ҳамидов имзо нашудааст ва ӯ ҳамоно роҳбарии ТСЕЛЛ дар Тоҷикистонро ба уҳда дорад: “Дар сурати имзои чунин қарор, аз ҷониби сармоягузорон мо расман ба расонаҳо иттилоъ хоҳем дод.”
Мансур Ҳамидов дар гузашта дар ширкати НСЕЛЛ, зерсохтори ширкати TeliaSonera дар Непал кор карда, аз соли 2011-ум инҷониб ТСЕЛЛ-и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. ТСЕЛЛ калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки 40 дар сади саҳмияҳои он ба Хазинаи Оқохон ва 60 дарсадаш ба ширкати аврупоии “Телиасонера” марбут дониста мешаванд.