Вохурии муовини вазири умури хориҷӣ бо Чинг Ю
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Чанг Чинг Ю, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дидори Зоҳидӣ бо Ю рӯзи 19 январ дар Душанбе баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин вохурӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин мубодилаи судманди афкор оид ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об”, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон қабул гардидааст, сурат гирифт.