Нома ба чаҳор вазир ва оғози мурофиаи додгоҳии Бобак Занҷонӣ
Маҷлиси Эрон эълон кардааст, то як моҳи дигар баррасии парвандаи Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Теҳрон оғоз мешавад.
Амир Аббос Султонӣ, узви кумитаи Маҷлиси Эрон оид ба таҳқиқи қазияи Занҷонӣ дар суҳбат бо рӯзномаи “Шарқ” гуфтааст, намояндагони маҷлис мунтазири шурӯи мурофиаи додгоҳиянд, то ба саволҳои худ аз ҳукуматдорон ҷавоб бигиранд. Аз ин пеш Маҷлиси Эрон аз анҷом шудани таҳқиқ ва ирсоли парвандаи Бобак Занҷонӣ ба додгоҳ хабар дода буд. Узви кумитаи Маҷлиси Эрон оид ба таҳқиқи қазияи Занҷонӣ мегӯяд, бо вуҷуди ин ки баррасии парвандаи Занҷонӣ як соли пеш шурӯъ шуда, ҳоло ба додгоҳ ирсол гардидааст, боре ба Кумитаи энержии Маҷлиси Эрон касе дар бораи ин парванда гузориш надодааст. Султонӣ дар идома инчунин афзуда, ба унвони чаҳор вазири ҳукумати Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ, иқтисод, адлия ва нафт нома фиристода, дар робита ба паҳлуҳои пушидаи қазияи Занҷонӣ ба саволҳои худ посух пурсидаанд.
Ин намояндаи Маҷлиси Эрон нуктаи муҳими парвандаи Занҷониро шиносоии афроди вобаста ба амволи ин миллиардер дар хориҷ аз ин кишвар дониста, аз Теҳрон хостааст, вақтро беҳуда сарф накунанду ба дунболи моликияти ӯ дар хориҷ бошад. Ба гуфтаи ӯ, нофаҳмиҳои аслӣ дар парвандаи Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон аст. Султони инчунин хостори шиносоии афроде шудааст, ки барои берун бурдани амволи миллиардер ба хориҷ кӯмак кардаанд: “Дар дохили кишвар низ бояд дид, ки чӣ тоифае ба хуруҷи амвол ва манофеи молии ӯ аз кишвар кӯмак кардаанд.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.
Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист. Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иддаои мақомоти тафтишотии Эронро, ки гӯиё Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи ин кишвар барои гирифтани санади қалбакӣ ба муовини раиси Бонки миллӣ се миллион доллар ришва додааст, беасос хонд. Ширинов изҳор дошт, дар бораи қазияи миллиардҳо доллари Бобак Занҷонӣ, ки гӯиё тавассути Бонки Миллӣ ба Теҳрон интиқол дода шудаанд, борҳо изҳори назар кардааст ва афзуд, ин иддао ба ақли одам рост намеоянд, чун гап сари маблағе меравад, ки қариб баробари буҷети солонаи Тоҷикистон аст: “Мо бо ноиби раиси Бонки марказии Эрон низ суҳбат кардаем ва ягон ҳолати тақаллубӣ ошкор нашудааст.”