Кормандони шӯъбаи БДА-и гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб дар 8-моҳи соли равон зиёда аз 36 кг маводи нашъадор ошкор ва мусодира кардаанд.
Аз ин миқдор 0,6-грамм маводи сахттаъсири ҳероин, 30 килову 546 грам бангдона ва 5 килову 100 грамро ҳашиш ташкил медодааст. Гузашта аз ин, нозирони роҳ инчунин, аз зери пули нақлиётгарди маркази шаҳри Кӯлоб 446 бех ниҳоли нашъаро дарёфт ва нобуд кардаанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» нозири калони амалияи маъмурии ШБДА, майори милиса Шамсуддин Мирзошарифов хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда, тайи ин муддат кормандони раёсат 8 адад мусалсали Калашников, 4 адад туфанги тамғаи Макаров ва 30-дона тирҳои ҳархела низ дарёфт намуданд. Ҳамчунин, 3-ҷинояткори ҳанӯз дар кофтукоб буда, низ аз ҷониби кормандони БДА дастгир гашта, ба мақомоти қудратӣ таслим карда шудаанд.{jathumbnail off}