ВИДЕО: "Алвидоъ, алвидоъ, алвидоъ Суҳроб!"
Дар пайи маросими видоъ ҷасади Суҳроб Шарипов, имрӯз, 20-уми январ дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Намози ҷанозаи Суҳроб Шариповро дар масҷиди маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хонд.
Дар маросими видоъ Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон аз Шарипов ҳамчун сиёсатшиноси соҳибназари сатҳи ҷаҳонӣ зикр кард, ки дар ташаккули парлумони касбӣ талош мекард. Раиси парлумон гуфт, Суҳроб Шарипов ҳанӯз нақшаҳои зиёде дошт, аммо умр вафо накард. Зуҳуров таъкид намуд, бо вуҷуди умри кӯтоҳ Суҳроб Шарипов соҳибном шуд ва афзуд, “мард ба марг намемирад.”
ВИДЕОИ маросими видоъ бо Суҳроб Шарипов: