Ҳарасти: Мо барои дахолат ба интихоботи Тоҷикистон наомадаем
Имрӯз 20 уми январ Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари (БДИПЧ) Созмони амият ва ҳамкории Аврупо расман Ҳайати нозирони Интихоботро зимни як нишасти матбуотӣ муаррифӣ намуд.
Ҳайати нозирони Интихобот бо раҳбарии Миклош Ҳарасти аз 14 коршиноси асосӣ дар пойтахти кишвар иборат аст. Афзун бар ин, шурӯъ аз 24 уми январи соли ҷорӣ 16 нафар нозирони дарозмуддат ба манотиқи кишвар фиристода мешаванд. Ба ҷуз аз ин Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар 150 нафар нозиронро дар рӯзи интихобот барои назорат аз рафти ин маърака дархост хоҳад кард.
Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, “миссияи ҷараёни интихоботро мутобиқи уҳдадориҳои САҲА, дигар уҳдадориҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба интихоботи демократӣ ва ҳамчунин мувофиқати онро бо қонунгузории миллӣ назорат хоҳад кард”.
Миклош Ҳарасти қайд кард, ки кори мо танҳо назорати интихобот аст. “Мо барои дахолат кардан дар интихобот наомадем. Мо сарпараст ва сиёсатмадор нестем”- қайд кард ҷаноби Миклош Ҳарасти