Пулиси Дубай: Зани тоҷик 2,8 миллион пули тоҷири чиниро дуздидааст
Пулиси шаҳри Дубай аз боздошти як зани 39-солаи тоҷик хабар додааст, ки дар ташкил ва дуздии 2,8 миллион дирҳами шаҳрванди Чин муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои Дубай, рӯзи 25 сентябри соли 2014 як соҳибкори чинӣ дар наздикии дафтари корияш дар минтақаи Найфи Дубай аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, аз ӯ 2,8 миллион дирҳам рабуда мешавад. Дар пайи тафтишоти кормандони пулис ва нишондоди дурбинҳои назоратӣ дар ин ҳамла ду марди рус гумонбар шуда, инчунин як шаҳрванди Покистон ва зани тоҷик низ дар ҳамдастӣ муттаҳам шудаанд: “Шаҳрванди Тоҷикистон ва марди покистонӣ ҳангоми ҳамла дар дохили мошин мунтазири ҳамроҳони худ буданд.”
Пулис мегӯяд, ахиран ин зани тоҷик ва шаҳрванди Покистон дар Умон бо 2 миллион дирҳам боздошт шуда, баъди истирдодаш ба Дубай дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ иқрор карда, ки ин дуздӣ тавассути ӯ тарҳрезӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти пулиси Дубай, ҳоло ду шаҳрванди Русия дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошта, интизор меравад, мурофиаи навбатӣ моҳи оянда баргузор шавад.
Дар мавриди ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш расонаҳои Дубай маълумоте надодаанд.