Маросими видоъ бо устод Бурҳониддин Раббонӣ ва ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Кобул баргузор мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, собиқ райисҷумҳури Афғонистон ва раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар рӯзи 20-уми сентябри соли 2011 бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ, ҳангоми музокироти сулҳ бо намояндагони ҳаракати Толибон дар манзили зисташ ба қатл расид. Террористи худкуш маводи мунфаҷираро дар саллаш пинҳон карда, вориди хонаи Раббонӣ гашта буд. Бино ба иттилои расида, дар маросими дафни раҳбари пешини давлати исломӣ 3000 нирӯи изофии мақомоти амниятиву интизомӣ ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Ҳукумати Афғонистон ва мақомоти ин кишвар дар қатли Бурҳониддин Раббонӣ ҳаракати Толибонро гумонбар эълон кардаанд, чанд рӯз қабл сухангӯи ҷангиёни толиб ҳам гуфт: «Марги Раббонӣ кори дасти мост». Ахиран дафтари матбуотии амнияти миллии Афғонистон ба нақл аз суханони корманди ин ниҳод Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ гуфт, ин сӯиқасд ҳанӯз чор моҳ қабл аз сӯи Шӯрои Квейта- ташкилоти олии роҳбарии ҷунбиши Толибон тарҳрезӣ шуда буд.{jathumbnail off}