Дастури Убайдуллоев: Субҳи мансабдорон аз хабаргирии мардум оғоз мешавад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, сар аз имрӯз, 20-уми январ кори мансабдорон дар пойтахт аз хабаргирии мардум оғоз шавад. Ӯ дар ҷаласаи рӯзи 19-уми ноябр хостори иштироки бештари сокинон дар идораи соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев бевосита барои дар ҷойҳо бо масъалаву муроҷиати шаҳрвандон кор гирифтан, сарфаи вақт ва пешгирӣ аз нуфузёбии тамоюлҳои бюрократӣ дар баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва зери назорати доимӣ қарор додани фаъолияти сохторҳои хизматрасони шаҳрию ноҳиявӣ муқаррар намудааст, ки шурӯъ аз 20 январи соли 2015 муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва масъулини хизматрасони шаҳриву ноҳиявӣ ҳамарӯза аз соати 6:00 то 12:00 шахсан аз макони машкилот боздид намуда, барои бартараф кардани он чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин Убайдуллоев таъкид намудааст, аз 20 январи соли 2015 барои баррасии ҳуҷҷатҳои истеҳсолию қабули шаҳрвандон фаъолияти дастгоҳҳои раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамарӯза баъд аз соати 15:00 роҳандозӣ мешавад.