Ҷавонони Душанбе: Роҳнамо ва мураббии бузургро аз даст додем
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо интишори як мактуби ҳамдардӣ, даргузашти Суҳроб Шарипов, вакили парлумон ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистонро талафоти бузург барои ин ниҳод унвон кардааст.
Дар номаи Раёсат омадааст, "марҳум новобаста аз серкорӣ кушиш менамуданд, ки дар маҳфилу мулоқот бо ҷавонон ширкат намоянд ва стратегияи рушди давлатро барои насли навини миллат шарҳу тавзеҳ бидиҳанд. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе аз риҳлати устод Суҳроб Ибронович талафоти бузург дид. Раёсат, як таҳлилгар, мушовир, роҳнамо ва мураббии бузурги худро аз даст дод”.
Дар идома ин ниҳод мегӯяд, ҷаноби Шарифов дар давоми фаъолияти пурсамари худ дар ҳар мақому маснаде, ки буданд як самти фаъолияти худро барои тарбияи насли ҷавон равона намуда, кушиш мекарданд, дар қалби насли ҷавон умеду боварӣ ба фардои давлати миллии тоҷикон дурахшон бошад: “Насли ҷавонони Душанбе тафаккури миллӣ, идеологияи миллӣ ва мавқеъгириҳои давлатии Суҳроб Ибронович Шарифовро ҳамеша барои худ намунаи ибрат ва пайравӣ медонад. Барои устоди иззатманд роҳи сафеди охират ва ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонем”.
Суҳроб Шарипов, ки аз бемории камхунӣ ранҷ мебурд, ба хотири бад шудани вазъи саломатиаш шоми 18 январи соли равон ба бахши амрози қалбии беморхонаи Қарияи Боло дар шаҳри Душанбе интиқол ёфта, рӯзи январ аз олам дар синни 52-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ бо Суҳроб Шарипов имрӯз, 20 январ дар масҷиди маҳаллаи 65-уми пойтахт, дар наздикии мактаби таҳсилоти умумии №77 баргузор мешавад.
Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ рабт дода мешавад. То кунун дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуд.