The Guardian: Уфти рубли русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳашт кишвари дигар таҳдид мекунад
Тоҷикистон яке аз нуҳ кишварест, ки ба навиштаи нашрияи бритониёии “The Guardian” иқтисодашон аз уфти қурби рубли русӣ хисорот мебинад.
“The Guardian” дар як матлаб бо такя ба омори Бонки ҷаҳонӣ навиштааст, кишварҳое, ки аз пули муҳоҷирон вобастаанд, дар соли 2015, 10 миллард долларо кам хоҳанд дошт. Ба иттилои манбаъ, дар қиболи ин мушкили иқтисодӣ муҳоҷирони кории кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар фикри тарк кардани Русия ҳастанд. Ин нашрияи бритониёӣ мегӯяд, беқурбшавии рубли русӣ дар баъзе аз кишварҳо ҳатто ба буҳрони сиёсӣ доман мезанад.
Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ 42 дарсади иқтисоди Тоҷикистон аз интиқоли маблағ вобаста аст, ки бештари он аз русия ворид мегардад. Инчунин, 21 дарсади иқтисоди Арманистон, 12% Гурҷистон, 31,5 % Қирғизистон, 25% Молдавия, 5,5 Украина, 2,5% Литва, 4,5% Озарбойҷон ва 12 % иқтисоди Узбакистон аз интиқоли маблағҳо вобастаанд.