Даргузашти Суҳроб Шарипов
Суҳроб Шарипов, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум дар суҳбат бо "Озодагон" рӯзи 19 январ хабар доданд.
Шарипов, ки аз бемории камхунӣ ранҷ мебурд, ба хотири бад шудани вазъи саломатиаш шоми 18 январи соли равон ба бахши амрози қалбии беморхонаи Қарияи Боло дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Ӯ муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ рабт дода мешавад. То кунун дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуд.