Ҳалокати хонандаи интернат аз дасти директор ва муҳофизони бозор
Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи латту кӯб аз ҷониби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, як хонандаи ноболиғи мактаб-интернат, ки дар мағозаи хӯроквории бозор даст ба дуздӣ задааст, ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, тахминан соати 01:30-и 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои «Сабрина», воқеъ дар бозори «Назари Нек»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд.”
Мақомоти пулис мегӯянд, директори бозори «Назари Нек», Ҷӯраев Рустамҷони 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор - Юсуфов Бобурҷони 29-сола ва Файзиев Аҳлиддини 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери лату кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраев Зиёдбеки 17 сола, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Пулис изҳор медорад, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.