Ҳамлаи маргбор ба посгоҳи наздисарҳадии Қирғизистон
Мақомот Қирғизистон аз ҳамлаи маргбори мусаллаҳона ба посгоҳи ҳарбии “Айкол”-и ноҳияи Лайлак хабар медиҳанд, ки тақрибан соати 22:50-и шаби 16-уми январ аз сӯи афроди номаълум амалӣ шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ дар пайи ин ҳамла фармондеҳи посгоҳ-М. Исмоилов ба ҳалокат расида, Р. Осмонов, муовини фармондеҳи қисми низомӣ ва сарбози қаторӣ, Ж. Сагинбой ҷароҳат бардоштаанд.
Манбаъ мегӯяд, феълан дар ноҳияи Лайлак, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, низоми пурзӯри хидмат эълон шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.