Ин дар ҳолест, ки тақрибан як моҳ пештар Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ба хабаргузории «Озодагон» гуфта буд, ки мавҷи дуюми буҳрони иқтисодии дарпешистода ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард. Номбурда он замон изҳор намуд, ки: «Мо нишондодҳои иқтисодии кишварҳоеро, ки ба онҳо муносибати зичи иктисодӣ дорем, аз қабили Чин, Русия, Туркия ва Эрон пайваста мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳем. Натиҷаи таҳлилҳо нишон доданд, ки мавҷи дуюми буҳрон ба иқтисодиёти кишвари мо таъсиргузор нест».{jathumbnail off}