Посухи хонанда: Ақибмондагии мо на аз шеъргароӣ, балки дар хурофотпарастӣ аст
Матлаби “Шеързадагӣ” омили ақибмондагии тоҷикон аст?”, ба вокуниши зиёди хонандаҳо рӯбарӯ шуд. Ин матлаб дар бораи андешаи Меҳрон Мувваҳҳид, як сокини Афғонистон, ки “шеързадагӣ”-ро омили аслии ақибмондагӣ ва шикастҳои пайдарпайи тоҷикон гуфтааст, баҳс мекард. Зимнан, як корбари “Озодагон” дар шарҳе хурофотпарастиро сабаби аслии ақибмондагии тоҷикон гуфтааст.
“Фарҳанги ориёӣ бо Авасто падид омада, ки шеър аст. Ҳамчунин даврони пешин одат буд, ки агар олими дигар соҳа нахуст шоир набошад, ӯро касе намепазируфт. Зиндагии ориёёна дар пардаи оҳангҳои кайҳонӣ мутаҳаррик будааст ва на ҳар каси дигар тавони дарки ин оҳангҳоро доштааст. Аз ин рӯ зиндагии мо бидуни шеър буда наметавонад. Ҳар куҷо шеър аст, оҳанг аст, ҳар куҷо оҳанг аст, шӯр асту тараб ва ишқ асту муҳаббат. Дунё лаҳзае бидуни ишқу муҳаббат буда наметавонад. Таърихи миллат ба мо дар қолаби шеър мерос мондааст. Он чи дар наср буда, аз байн рафт. Шеър аз дилҳо ба дилҳо гузашта, забон ба забон парвозӣ шуда фарҳанги моро то ин авқот овард. Касе ки гуфта, шеързадагии тоҷикон онҳоро қафо мебарад, иштибоҳ мекунад. Қафомонии мо дар беҳурматии мо дар нисбати шеър аст. Шеър чуди Худовандӣ аст ва ҳар ки дар нисбати ин саовати яздонӣ номеҳрубонӣ кунад, гуноҳ мекунад. Шеърро аз решаи таърихиаш кандем. Имрӯз шеър на ҳикмат дораду на фалсафа ва на дар худ илме ғунчонда метавонад. Сухан бисёр аст, вале иктифо мекунам.
Ақибмонии мо на аз шеъргароӣ, балки дар хурофотпарастии мо аст. То вақте аз чаҳорчубаи хурофот, ҷудоиандозӣ, мазҳабгароӣ бурун наоем, ҳеч гоҳ пешрафт нахоҳем кард. Агар имрӯз мо ба Ислом аз нигоҳи дини ҳақиқат, дини вақт ва дини замон нигох накунем, пешрафт нахоҳем кард. Агар Исломи имрӯзро чун Исломи асри 21 қабул карда натавонему то ҳанӯз дар хурофот ғафлат занем, ҳамчун бародарони афғони худ асрҳо дар хоби гарон хоҳем буд. Бисёр баҳс аст, вале вақт кам. Ба ҳамаи тоҷикон ваҳдату сулҳ хоҳонам".