Вазир дар бораи тирпаронии Ҳукумов: Гунаҳкорон ҷазо гирифтанд, аммо...
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов, писари собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дахл карда, гуфт, гунаҳкорони ин қазия ҷазо гирифтаанд.
Раҳимзода гуфт, аз рӯи қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов дар ноҳияи Айнӣ тамоми парвандаҳо таҳия ва ба суд ирсол шуданд ва гунаҳкорон муҷозот гардиданд. Ба суол, ки оё шахсан Рустам Ҳукумов ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вазири умури дохилӣ посух дод, дар ёдаш нест. Дар маҷмӯъ ӯ таъкид намуд, дар қазия силоҳи ҷангӣ истифода нашудааст ва иштирокдорон асосан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Ин дар ҳолест, ки Рустам Ҳукумов, писари калонии Амонуллоҳи Ҳукуматулло, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” моҳи октябри соли гузашта дар маркази ноҳияи Айнӣ зимни як роҳбандӣ бо истифода аз таппончаи пневматикӣ тирпаронӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Мақомоти ноҳияи Айнӣ ҳам тасдиқ карданд, ки воқеан Рустам Ҳукумов боиси хархаша шуда, то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз карда, мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони милиса ӯро таъқиб карда, боздошт мекунанд: “Аз ҷониби ШКД-и ноҳия нисбат ба ин ҳодиса санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол шудааст.”
Инчунин Рустам Ҳукумов соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди 3,5 сол ба гуфтаи падараш сафед гардида, соли 2011-ум раҳо гардид.
Дар ҳамин ҳол шаби 8 ба 9 октябри соли 2013 садамаи маргбори писари дигари Амонуллоҳи Ҳукуматулло - Расули Амонуллои 16-сола, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт вирди забонҳо шуд, ки се кушта бар ҷой гузошт. Дар пайи ин ҳодиса модари ин ноболиғ барои нақзи қонун дар бораи масъулияти падару модар 120 сомонӣ ҷарима шуд. Баъдан эълон гардид, сари чанбари мошин Расули Амонулло набудааст. Вазири умури дохилӣ ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ҳафт ташхис нишон дод, Расул дар ин сониҳа даст надорад.